Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИРУЗ БАҲРОМ Бобоевич

ФИРУЗ БАҲРОМ Бобоевич

ФИРУЗ БАҲРОМ Бобоевич (таваллуд 1. 11. 1939, ррёни Нуратои вилояти Самарқанд), нависандаи советии тоҷик. Аз оилаи муаллим. Баъди хатми Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод дар ҳамин институт муаллими кафедраи адабиёти тоҷик буд. Солҳои 1964—68, 72 —78 дар Комитети дадлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва’радиошунайонӣ кор кард. Мудири шуъбаи журнали «Садои Шарқ» (1969), мудири редаксияи адабиёти бачагону наврасони нашриёти «Маориф» (1978— 80), мудири шӯъбаи адабиёти бадеии газетаи «Маданияти Тоҷикистон» (1980) буд. Аз соли 1981 муҳаррири нашриёти «Маориф». Фаъолияти адабиаш соли 1960 бо шеър оғоз шуда, бо номи «Розҳои маҳтобшаб» (1967) ва «Силсила» (1973) ду маҷмуаи ашъораш ба табъ расид. Дар шеърҳояш ба масъалаҳои ахлоқи иҷтимоӣ, симои маънавии инсон аҳамият додааст. Соли 1972 ба наср гузашт. Масъалаи асосии насраш ташаккули шахсияти ҷавонон ва омилҳои иҷтимоии он мебошад (маҷмуаҳои «Иди ситора», 1976; «Ганҷ дар вайрона», 1977; повести «Рухсора», 1978; китоби повесту ҳикояҳои «Ту танҳо не», 1980; маҷмуаи ҳикоёти «Ҳақиқати талх», 1981).
Баъзе шеъру ҳикояҳояш ба забони халқҳои бародар — русӣ, арманӣ, литвонӣ, молдавӣ, узбекӣ ва ғайра, инчувин дар Эрон ва Чехословакия чоп шудааст. Як китоби повесть ва ҳикояҳои у ба забони русӣ аз чоп баромад («Ты не одинок», Москва,1982). Аз соли 1971 узви Иттифоқи Нависандагони СССР.
Осор: Аз арш то фарш. повесть ва хикояхо, Душанбе, 1983; Тафти дил. Шеърҳо. Душанбе, 1984. М. Шукуров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …