Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛБАРАКАИ ФИРОҚӢ

АБУЛБАРАКАИ ФИРОҚӢ

АБУЛБАРАКАИ ФИРОҚӢ (соли таваллуд номаълум, Самарқанд – вафот 1507, ҳамон ҷо), шоир ва донишманди тоҷик. Улуми мутадовилаи даврро дар зод- гоҳаш омӯхта, дар Шаҳрисабз, Са­марқанд, Ҳирот, Табрез қозигӣ кардааст. Мувофики маълумоти манбаъҳои адабӣ шоири тавоно, дорои истеъдоди баланд будааст. Ба ин ҳунари ӯ писаронаш Хоҷа Айюб ва Баҳоуддин пайравӣ кардаанд. Аз соҳибдевон буданаш манбаъҳои адабӣ итгилоъ додаанд, вале то ҳол девонаш дастраси муҳаққиқон нагардидааст. Дар тазкираҳову баёзҳо, радоифулашъорҳо ғазалҳои бисёре аз ӯ (асосан дар мавзӯи ишқ) дарҷ шудаанд. Абёти зерин аз ӯст:

Маҳро ба ҷамоли ту куҷо заҳраи даъвост,

К-он ҷо ҳамагӣ сурату ин ҷо ҳама маъност.

Ман Тури таҷаллӣ чӣ кунам, бар лаби бом ой,

Боми ту маро Туру ҷамоли ту таҷаллост.

Адабиёт: Алишери Навоӣ, Мачолис-ун- нафоис, Тошкент, 1961.       А. Афсаҳзод.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …