Маълумоти охирин

ФИРОҚИЯ

ФИРОҚИЯ аз арабӣ Ҷудоӣ, дурӣ аз ҳамдигар, ҳиҷрон), дар адабиёти классикии форс-тоҷик шеъреро гуянд, ки дар он дарду алам ва ҳаҷру фироқи шоир аз дурии ватан, дидори ёру хешу табор ифода ёфтааст. Дар чунин шеърҳо қаҳрамони лирикӣ маъмулан аз фироқи ёру диёр ва сахтин тақдир шикоят намуда, сабабҳои ҷудоии худро ҷӯё мешавад. Масалан, Ҳофиз гуфтааст:

Мабод кас чу мани хаста мубталои фироқ,

Ки умри ман ҳама бигзашт дар балои фироқ…

Дар ашъори Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Масъуди Саъди Салмон, Хоқонӣ, Ҷомӣ ва дигар Фироқияҳои зиёде ба назар мерасанд.

book-1

Қасидаҳои расоия низ як навъ Фироқияро ба хотир меоранд. Нигаред низ Марсия.      У. Тоиров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …