Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИРОҚӢ Ҳофизи Чаргарӣ

ФИРОҚӢ Ҳофизи Чаргарӣ

ФИРОҚӢ Ҳофизи Чаргарӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), навозанда, ҳофиз ва бастакори тоҷик (асри 16). Ӯ аз овони ҷавонӣ ба санъатҳои мусиқи, хаттотӣ ва сарояндагӣ мароқ доштааст. Махсусан дар санъати соқиномасароӣ бебадали рӯзгори худ будааст. Фироқӣ чун бастакори соҳибзавқ шӯҳрат дошта, асарҳои зиёде тасниф кардааст. Аз ҷумла, «Амали Фироқӣ», «Пешрави Чаргарӣ», «Санти Фироқӣ», «Соқиномаи Ҳофизи Чаргарӣ» ва ғайра, ки дар асоси зарбу усулҳои мақомҳои «Ҳусайнӣ», «Ҳиҷозӣ», «Бӯсалик» эҷод шудаанд, дар ҳаёти мусиқӣ эътибори калон доштанд.        а. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …