Маълумоти охирин

ФИРҚА

ФИРҚА, (арабӣ—гурӯҳ, ҷамоат), гурӯҳҳо ё шохаҳои сершумори дини исломро гӯяпд, ки нисбат ба рукнҳои асосии он дар ихтилофанд. Дар ҳадисе роҷеъ ба 73 Фирқаи ислом сухан меравад. Гуё тамоми фирқаҳои ислом дар натиҷаи ихтилоф бо аҳли суннат ва ҷасмоат ба вуҷуд омадаанд.

Ҷараёни ба вуҷуд омадани фирқаҳои исломро бисёр муаррихон шарҳ дода мегӯянд, ки баъди марги Муҳаммад аввалин ихтилоф дар бораи абадӣ ё фонӣ будани ҳаёти пайғамбар ба вуҷуд омада буд. Минбаъд масъалаҳои ҷои дафни ҷасади Муҳаммад (Макка ё Мадина), имомат, ҷонишинии пайғамбар, тақсими мероси ӯ ва ғайра ихтилофҳои тозаро ба миён оварданд, ки дар натиҷа бо сардории афроди дар ҷамъият мавқею нуфуздошта ва даъвогари ҳокимият буда фирқаҳои нав ба вуҷуд амаданд. Хусусан баъди кушта шудани Усмон дар давраи Алӣ ва баъди ӯ ихтилоф ниҳоят пурзӯр шуда, боиси пайдоиши ҷараёнҳои шиа, хориҷия ва дигар  фирқа ва мазҳабҳо гардид.

islam-koran

Бино оа ақидаи аксари муаррихони дин ва фалсафа баъди тарҷумаи адабиёти илмию фалсафии атиқан юнонӣ ва ошноӣ бо афкору анъанаҳои фарҳангни тоисламии халқҳои Шарқ дар дини ислом низ фирқаҳои гунагуни дррои хусусиятҳои фалсафию озадандеши ба вуҷуд омаданд. Аввал ҷараёни ҷадария ва ҷабария ба вуҷуд омад, сонӣ хориҷия ба якчанд даста ҷудо шуд ва Восил ибни Ато (699—748) ҷараёни мӯътазилияро ба вуҷуд овард. Бо ҳамин усул рофизия, мурҷиия, наҷҷория, карромия, зародия, ҷаҳмия ва ғайра пайдо шуданд.

Дар адабиёти динию фалсафии асрҳои миёна байни мазҳабу фирқа фарқи куллие вуҷуд надорад ва аксараи ба ҳам омехта шудаанд. Дар адабиёти муосир низ ақидаҳои гуногун мавҷуданд. Масалан, баъзе муҳаққиқони муосири Эрон мазҳабро ҷаҳонбинии томе мешуморанд, ки аз ақидаҳои ҷаҳоншиносӣ (ҷараёни халқати одаму олам) ва одобу ахлоқи шаръӣ иборат мебошад. Аз ин нуқтаи нааар танҳо дини алоҳидаро мазҳаб шуморидан мумкин аст. Бино ба ақидаи муҳаққиқи араб Ҷуруллоҳ фирқа ташкилоти дорои барномаю устави муайяне мебошад. И. П. Петрушевский фирқаро аз гурӯҳи диндороне иборат медонад, ки аз масъалаҳои ҷамоа даст кашида, роҳи мустақилеро интихоб кардаанд. Дар ислому хориҷиён ва аҳли шиаро фирқа медонад ва мӯътақид аст, ки мазҳабҳо аз ҳам бештар дар масъалаҳои ҳуқуқӣ ва иҷрои русуму одоти шаръӣ фарқ мекунанд. Аз ин ру, ба чунин хулосае омадан мумкин аст, ки ҳоло дар адабиёти динию фалсафӣ мафҳумҳои фирқа, мазҳаб, ҷараён, равия ва ғайра ба таври илми таҳқиқ нашудаанд.

М. Хазратқулов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …