Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ФИНЛЯНДИЯ

ФИНЛЯНДИЯ

ФИНЛЯНДИЯ, Республикаи Финляндия (Suomi, Suomen Таsavalta), давлатест дар шимоли Европа. Масоҳаташ 337 ҳазор км2. Аҳолиаш 4,9 млн нафар (1984). Беш аз 93%-и аҳолӣ финҳо, боқимондаашон шведҳо (6%). Забони давлатӣ финӣ ва шведӣ. Аксари диндорон лютеранҳоянд. Пойтахташ шаҳри Хелсинки, Сардори давлат — президент. Органи олли ҳокимияти қонунбарор парламенти якпалатагист. Соҳилҳои халиҷ Ботник ва халиҷи Фини баҳри Балтика пастанд ва шхераҳо (шахҳои зериобӣ)-и бисёре доранд. Қисми зиёди ҳудуди мамлакат ҳамворист. Дар атрофи кӯлҳои қисми марказӣ, инчунин дар шимолу шарқи мамлакат қатортеппа ва баландиҳо ҳастанд. Иқлимаш мӯътадили континентист. Ҳарорати миёнаи феврал аз —3°С (дар ҷануб) то —14вС (дар шимол), июль аз 17*С (дар ҷануб) то 14—15°С (дар шимол). Боришоти солона 400—’700мм. Дарёҳояш пуроби серостона; қариб 60 ҳазор кӯл дорад, калонтарннаш кӯли Сайма. Беш аз 60% ҳудуди Финляндия бешазор аст (асосан дарахтони сӯзанбарг).

finlyandiya

Дар ҳудуди Финляндия дар ҳазораи 1 мелод қабилаҳои сум (суоми), ем, карелҳои ғарби маскун шудаанд. Дар миёнаи асриҳои 12—14 Финляндияро шведҳо забт карданд. Соли 1809 дар натиҷан Ҷанги русу швед (1808—09) Финляндия ба Россия ҳамроҳ карда шуд. Дар ҳайати Россия Князи бузурги Финляндия ҳуқуқи автономӣ дошт. 31 декабри 1917 Ҳукумати Советӣ Финляндияро ҳамчун давлати мустақил эътироф кард (соли 1919 Финляндия республика эълон шуд). Солҳои 1918—20 ва 1921—22 отрядҳои финҳои сафед ба Карелияи Советӣ ҳуҷум карданд. Октябри 1920 байни Россияи Советӣ ва Финляндия шартномаи сулҳ баста шуд ва охири соли 1920 алоқаи дипломатӣ муқаррар гардид. Дар ҷанги байни Иттифоқӣ Совотӣ ва Финляндия (1939) финҳо шикаст хӯрданд; моҳи марти 1940 шартномаи сулҳ баста шуд. Доираҳои ҳукмрони Финляндия дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …