Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ФИЛИППИН

ФИЛИППИН

ФИЛИППИН, Республикаи Филиппин (republica hg Pilipinas), давлатест дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ. Дар ҷазираҳои Филиппини уқёнуси Ором воқеъ гаштааст. Масоҳаташ қариб 300 ҳазор км2. Аҳолиаш 52 млн нафар (охири 1983), филиппиниҳо (бештар аз 80%), хитоиҳо ва дигар халқҳо. Забонҳои расмӣ — тагалӣ ва англисӣ; қариб 90% ахолӣ католикҳоянд; аҳолии шаҳрӣ—40%. Ба 73 музофот тақсим шудааст. Пойтахт ва шаҳри калонтаринаш — Манила. Сардори давлат — президент. Органи олии қонунбарор—Маҷлиси якпалатагӣ.

filippin
Филипин қариб 7100 ҷазира (калонтаринашон: Лусон, Минданао, Самар, Негрос, Палаван, Панай, Миндоро, Лейте)-ро дар бар мегирад. Релефаш асосан кӯҳист (баландӣ то 2954 м, вулқони Апо дар ҷазираи Минданао). Иқлимаш тропикӣ ва субэкватории муссонист. Ҳарорати миёнаи солона дар ҷануб 27—28°С, шимол 24—28°С. Боришоти солона 2000 мм, 1661 дар кӯҳҳо то 3500—4000 мм. Зиёда аз 2/5 қисми Филипинро бешаҳои тропикӣ фаро гирифтаанд.
Дар миёнаи асри 16 аксари халқияти Филипин марҳилаи сохти ҷамоавии авлодиро аз сар мегуааронид, вале дар князиҳои хурди ҷазираҳои Лусон, Себу ва галаҷазираи Сулу феодализм ташаккул меёфт. Дар нимаи дуюми асри 16 испаниҳо аввал қисми асосии Филипинро, дертар тамоми галаҷазираро забт намуданд. Дар натиҷаи револютсияи озодихоҳии миллии 1896—98 республикал мустақили Филипин эълон шуд. Аммо ШМА бо баҳонаи «ёрӣ» ба Филипин қӯшун фароварданд. Дар натиҷаи ҷанги америкоиҳову филиппиниҳо (1899—1901) ШМА Филипинро ба мустамликаи худ табдил доданд. Соли 1907 Партияи миллии буржуазию помешикӣ, 1930 Партияи Коммунистии Филипин (ПКФ) ташкил ёфтаанд. Соли 1934 ШМА маҷбур шуд, ки ба Филипин ҳуқуқи автономӣ диҳад; декабри 1941—45 Филипинро қӯшунҳои Япония забт карданд. Армияи партизании Хукбалахап бо роҳбарии Партияи Коммунистии Филипин дар озод кардани Филипин роли муҳим бозид. Соли 1946 ШМА соҳибихтиёрии Филипинро эътироф карда бошанд ҳам, ба гардани онҳо як қатор шартномаҳои ноодилонаро бор карда, дар мамлакат базаҳои ҳарбии худро сохтанд. Соли 1954 Филипин аъзои СЕАТО гардид. Солҳои 1948—53 шӯриши деҳқонон ба амал омад, ки ба он Партияи Коммунистии Филипин роҳбарӣ мекард Баъд аз пахш кардани шӯриш Партияи Коммунистии Филипин, ташкилотҳои коргарон ва деҳқонон дучори таъқиб гардиданд. Соли 1972 президент Маркос дар Филипин вазъияти фавқулода ҷорӣ намуд, соли 1973 конститусияи навро тасдиқ кард. Ҳукумат барои мустаҳкам кардани мавқеи буржуазияи миллӣ, суст кардани мавқеи олигархияи помещикон ва ғайра чорабиниҳо гузаронд. Соли 1974 ба аъзоёни Партияи Коммунистии Филипин озодӣ дода шуд. Феврали 1986 дар натиҷаи интихобот ва дастгирии фармондеҳии армия, инчунин руҳониёни католикӣ гурӯҳи оппозисиони бо роҳбарии Корасон Акино ба сари ҳокимият омад; собиқ президевт Ф. Маркос мамлакатро тарк намуд. Филипин аз 1976 бо СССР алоқаи дипломатӣ дорад.
Филипин мамлакати аграрист. Дар иқтисодиёти Филипин бозори берунӣ ва капитали хориҷӣ мавқеъи муҳим доранд. Сектори давлатӣ торафт вусъат меёбад. Асоси хоҷагии Филипинро хоҷагии қишлоқ ва саноати истихроҷи маъдан ташкил медиҳад. 29% арзиши маҳсулоти умумии дохилӣ ба хоҷагии қишлоқ ва 20%-аш ба саноату сохтмон рост меояд. Дар хоҷагии қишлоқ, хоҷагии ҷангал ва моҳигирӣ бештар аз 50% аҳолии қобили меҳнат банд мебошад ва ин соҳаҳо тақрибан 1/3 қисми даромади миллиро медиҳанд. Қариб 40% ҳудуди Филипин заминҳои хоҷагии қишлоқ мебошанд. Дар қисми зиёди заминҳо ғалла мекоранд (ҳосили солонаи шолӣ беш аз 6 млн т, ҷуворимакка
3 млн т). Филипин истеҳсолкунандаи калони копра ва нахи абака, инчунин найшакар, тамоку, ананас ва банан мебошад. Асосан говмеш, хук мепарваранд; моҳигирӣ (дар яксолбеш аз 4 млн т) тараққӣ кардааст. Хоҷагии ҷангали Филипин ба хориҷа ба миқдори зиёд чӯбу тахтаи дарахтони қиматбаҳо мебарорад. Саноати истихроҷи маъдан асосан барои экспорт кор мекунад; хромит (то 500 ҳазор тон дар як сол), мис (қариб 300 ҳазор тон консентрат), маъдаин оҳан, никел, тилло ва ғайра истихроҷ мекунанд. Соли 1983 дар Филипин 10 млрд кВт°с қувваи электр истеҳсол карда шуд. Саноати хӯрокворию адвиёт ва саноати сабук ривоҷ ёфтааст. Корхонаҳои саноати химия (резип), таҳвили нефт, металлургия, васли мошинҳо низ мавҷуданд. Корхонаҳои ҳунармандӣ бисёранд. Бандарҳои баҳрӣ: Манила, Батангас, Себу. Тӯли роҳи оҳан 1,64 ҳазор км, роҳҳои автомобилгард 154,4 ҳазор км (1984). Ба хориҷа қанд, равғани норҷил, консентрати мис, чӯбу тахта, тилло, банан, ананас мебарорад. Шарикони асосии тиҷоратиаш: Япония, ШМА, Англия, РФГ, Нидерланд. Воҳиди пул — песо.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …