Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ФИЛИАЛИ ТОҶИКИСТОНИИ Академияи Фанҳои СССР

ФИЛИАЛИ ТОҶИКИСТОНИИ Академияи Фанҳои СССР

ФИЛИАЛИ ТОҶИКИСТОНИИ Академияи Фанҳои СССР, муассисаи олии илмии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон. Соли 1941 Базаи тоҷикистонии Академияи Фанҳои СССР (таъсисаш 1932) ба Филиали Тоҷикистонии Академияи Фанҳои СССР табдил ёфт (роҳбараш академик Б. П. Павловский). Ба он институтҳои тадқиқоти илмии геология, ботаника, зоология ва паразитология, таърих, забон ва адабиёт, инчунин расадхонаи астрономӣ ва Стансияи хокшиносию мелиоративии Вахш дохил гардиданд; солҳои 40 Филиали Тоҷикистонии Академияи Фанҳои СССР институтҳои нав ташкилшудаи чорводорӣ ва химияро низ дар бар гирифт.
Филиали Тоҷикистонии Академияи Фанҳои СССР дар инкишофи илми республика саҳми арзанда гузошт. Барои вусъати ҳаматарафаи тадқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои табиӣ ва ҷамъиятӣ заминаи моддӣ ба вуҷуд омад. Филиали Тоҷикистонии Академияи Фанҳои СССР барои ташкили Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон (1951) шароит фароҳам овард.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …