Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИЛДИНГ Ҳеври

ФИЛДИНГ Ҳеври

ФИЛДИНГ (fielding) Ҳеври (1707 —1754), нависандаи англис, классики адабиёти Маорифпарварӣ. Муаллифи мазҳакаҳои «Дон Кихот дар Англия» (1734), «Пасквин» (1736), «Тақвими таърихии соли 1736» (1736) ва ғайра, романи ҳаҷвии «Ҷонатан Уайлд» (1743), «эпопеяи маэҳакавии мансур» — «Ҷозеф Эндрюс» (1742) ва романи «Таърихи зиндагии Том Ҷонси ятим» (1749). Ин роман машҳуртарин асари Филдинг мебошад. Филдинг ба инкишофи роман дар Европа таъсир расонидааст. М. Горкий ӯро «эҷодкори романи реалистӣ, донишманди аҷоиби ҳаёти мамлакат ва нависандаи хеле бозарофат» гуфтааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …