Маълумоти охирин

ФИЛ

ФИЛ (Elephantidae), пил, ҳайвонест азимҷусоа ва хартумдор (аз оилаи ширхӯрҳо); баландиаш то 3,5 м буда, гарданаш кутоҳ, пойҳояш ғафси сутуншакл (ангуштонаш дар пои пеш 5-то, дар пои қафо 5 ё 4-то).
Лаби боло ва биниаш инкишоф ёфта, ба хартуми дароз табдил ёфтаанд. Дар ҷоғи болояш як ҷуфт оҷ ҳаст. Дандонҳои фил тадриҷан хӯрда шуда меафтанд ва ба ҷои онҳо дандонҳои дигар (то 6 маротиба) мебароянд.

fil

Фил дар синни 17—20 болиғ шуда, 70—80 сол умр мебинад. Давраи ҳомилиаш 22—24 моҳ. Филбачаи навзод қариб 1 м баландӣ ва то 90 кг вазн дорад. Филҳо дар ҷустуҷӯи хӯрок (шоха, барг, мева ва решаи растаниҳо, алафҳри гуногун ва ғайра.) масофаи зиёд (то 100 км дар як шаборӯз)-ро тай карда, аз об, ботлоқзор ва ҷойҳои сердарахт ба осонӣ мегузаранд. Гала-гала (даҳҳо ва садҳо сар) зиндагӣ мегкунанд. Филҳо ба осонӣ ром мешаванд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …