Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ФИ-Л-БАРОҲИН ИЛО МАСОИЛ…»

«ФИ-Л-БАРОҲИН ИЛО МАСОИЛ…»

«ФИ-Л-БАРОҲИН ИЛО МАСОИЛ…» номи пуррааш «Рисола фи-л-бароҳин ило масоил ил-ҷабр ва-л-муқобала», асарест, ки Умари Хайём соли 1074 таълиф кардааст. «Фи-л-бароҳин ило масоил» рисолаест дар боби математика, алгебра ва амалҳои он. Онро ба чунин фаслҳо ҷудо метавон кард: 1) муқаддима; 2) ҳалли муодилаҳои дараҷаи якум ва дуюм; 3) ҳалли муодилаҳои дараҷаи сеюм; 4) ба муодилаҳои тартибашон поён табдил додани муодилаҳое, ки бузургиҳои баръакси номаълум доранд; 5) илова. Дар муқаддима Хайём бори нахустин фанни алгебра ва тариқати онро ҳамчун илм оид ба муодилаҳо ҳарҷониба маънидод намудааст.
Маънои асосии «ҷабр» ва «муқобала» ду амали оддитарин буда, яке аъзои манфии муодиларо аз як тарафи баробарӣ ба тарафи дигари он бо аломати акс гузаронидан ва дигаре аз ҳар ду тарафи баробарӣ аъзои якхеларо хориҷ намудан аст. Дар он Хайём ба Муҳаммади Хоразмӣ пайравӣ намуда, таснифоти муодилаҳо ва ҳалли муодилаҳои на танҳо дараҷаи якуму дуюм, балки дараҷаи сеюмро низ овардааст. Ӯ бори аввал дар таърихи математика собит намудааст, ки муодилаҳои дараҷаи сеюм ба воситаи паргор (сиркул) ва хаткашак ҳалнопазиранд. Маҳз дар ҳамин асар Хайём дар хусуси рисолаи дигари математикии худ «Мушкилот-ул-ҳисоб» сухан ронда, тариқаи аз таҳти решаҳои дараҷаҳои дилхоҳ баровардани ададҳоро нишон медиҳад ва биноми ададҳои бутунро кашф менамояд. Нусхаҳои хаттии асар ҳоло дар китобхонаҳои Париж (№ 2461; 2458(7), Лейден (Л8 14/2), Лондон (№ 7; 34/10) ва Вотикон (№ 96,/2) маҳфуз аст.
Адабиёт: Омар Ҳайям, Трактаты, Москва, 1961. X. Абдуллозода.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …