Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИКРИИ САЛҶУҚӢ

ФИКРИИ САЛҶУҚӢ

ФИКРИИ САЛҶУҚӢ Абдуррауф ибни Мавлави Абдулфаттоҳи Салҷуқӣ (1908, шаҳри Ҳирот—1968, ҳамон ҷо), адабиётшинос ва шоири афғон. Ҷараёни зиндагӣ ва камолоташ дар Ҳирот гузаштааст. Ба адабиёт ва санъати нафиса таваҷҷӯҳи хос дошт. Хатти настаълиқро зебо ва олӣ менавишт. Солҳои 1939—42 муовиии Анҷумани адабии Ҳирот, баъдҳо ходими Музеи Ҳирот ва мудири маҷаллаи адабии Ҳирот буд.

Ӯ дар бораи хаттотон, музаҳҳибон, мусаввирони доираи Ҳирот «Зикри бархе аз хушнависон ва ҳунармандон» (нашри Кобул, 1970) ном тазкирае таълиф кардааст. Инчунин бо саъю кӯшиши Фирии  Салчуқӣ ашъори Осафӣ (асри 15) дар як девон мураттаб ва тасҳеҳ гардида, соли 1959 дар Ҳирот ба табъ расидааст. Феҳристи дастнависҳои Китобхонаи Кобулро тартиб додааст. Вай инчунин ашъори фаровон низ эҷод кардааст.

А. Нуров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …