Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИКРӢ Сайид Муҳаммади Ҷомабоф

ФИКРӢ Сайид Муҳаммади Ҷомабоф

ФИКРӢ Сайид Муҳаммади Ҷомабоф (соли таваллуд номаълум — вафот 1565), шоири форс-тоҷик. Дар тазкираҳо нисбак ӯ Ҳиравӣ, Турбатӣ, Машҳадӣ омадааст. Айёми ҷавонӣ ва таҳсилоташ дар Машҳад гузашгааст. Дар охири умраш муддате дар Ҳинд буд ва ҳамон ҷо вафот кард. Фикрӣ бештар ба сурудани рубои майл доштааст ва лақаби Мири рубоӣ» гирифтанаш аз ҳамин ҷост. Рубоиёти ӯ мазмуни панду насиҳат доранд:

То аз ғами ҳарчӣ ҳаст, беғам нашавӣ,

То хоки раҳи мардуми олам нашавӣ,

То қатъи назар зи хӯи худ менакунӣ,

Ин нукта яқин бидон, ки одам нашави.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …