Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИКРАТ Абдурраззоқи Бухороӣ

ФИКРАТ Абдурраззоқи Бухороӣ

ФИКРАТ Абдурраззоқи Бухороӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1893), шоири тоҷик. Илмҳои даврашро ба хубӣ аз худ карда, машғули тадрис буд. Дар ҷавонӣ бо тахаллуси «Соҳиб» ба шеъргуӣ сар кард. Дар тазкира ва баёзҳои асри 19 газалҳо, рубоиҳо ва мухаммасҳояш омадаанд. Мавзӯи ашъораш ишқ, васфи хушиҳои зиндагӣ ва манзараҳои табиат аст. Абёти зерин аз ӯст:

Гуфтам, ки: «Дурӣ ё гуҳарӣ?» Гуфт, ки:«Ҳар  ду».

«Хуршеди фалак ё қамарӣ?» Гуфт, ки:«Ҳар ду».

Гуфтам: «Лаби нӯшини ту шӯре ба дил ангехт.

«Кони намаки ё шакарӣ?» Гуфт, ки:«Ҳар ду».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …