Маълумоти охирин

ФИҚҲ

ФИҚҲ арабӣ — донистан, фаҳмидан, дарофтан), як қисми илоҳиёти ислом ва қисми таркибии шариат аст, ки қоидаю қонунҳои шаръӣ ва ҳуқуқиро танзим мекунад. Донандаи қоидаву қонунҳои шаръию ҳуқуқиро фаҳеқ мегӯянд. Фақеҳон ҳам илоҳиётшинос ва ҳам ҳуқуқшиносони исломанд. Онҳо дар асоси Қуръон, суннат, иҷмоъ, қёс масъалаҳои системаи ҳуқуқи шаръӣ (илми ибодат), ҳуқуқи ҷиноӣ ва гражданию давлатӣ (илми фиқҳ)-ро танзим намуда, оид ба масъалаҳои алоҳидаи ҳуқуқ фатво медоданд.

islam-koran
Дар ислом аввалин бор фиқҳи сунниҳо дар шариат дар асоси 4 мазҳаби ҳуқуқӣ — ҳанифия, моликия, шофеия ва ҳанбалия ба вуҷуд омадааст. Минбаъд ба он мазҳаби ҷаъфария дар асоси таълимоти шиа тағйирот дароварда, баъзе нуктаҳои он, хусусан масъалаи имоматро ба манфиати худ такмил дод.
Ҳанифиҳо ҳанӯз дар асри 8 аз рӯи манбаъҳои динӣ ва ҳуқуқи анъанавии маҳаллӣ (одат) системаи ҳуқуқии исломро тартиб доданд. Дар ин давра фақеҳони машҳури ҳанифӣ ба навиштани китобҳои ҳуқуқӣ шурӯъ намуданд. Абӯюсуфи Яъқуб (вафот 795) «Китоби хироҷ», Муҳаммади Шайбонӣ (вафот 804) «Ҷамъи сағир» ва Бурҳонуддини Марғелонй (вафот 1197) «Алҳидоя» ва дигарон роҷеъ ба усули фиқҳ асарҳои зиёде навшпта, заминаи фиқҳи исломро гузоштанд. Асосгузори мазҳаби моликиҳо Молик ибни Анас (713—795) дар «Алмуватта» ном китобаш асосҳои ҳуқуқии мазҳаби худро баён намуд. Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ (вафот 820) дар асараш «Рисола» асосҳои методологии фиқҳи исломро таҳқиқ намуд, Аҳмад ибни Ҳанбал дар «Алмуснад» назарияи ҳуқуқии худро пешниҳод намуд ва баъдтар пайравонаш бо номи ҳанбалиҳо машҳур шуданд. Дигар мазҳабу равияҳои зиёде низ вуҷуд доштанд, вале тадқиқотчиёни таърихи фиқҳ мӯътақиданд, ки ҳамаи онҳо ин ё он масъалаи алоҳидаи фиқҳро дар асоси ҳамин 4 мазҳаби сунни шарҳу тафсир кардаанд.
Дар асрҳои минбаъда фиқҳ ба усули фиқҳ (тадқиқи масъалаҳои шаръӣ) ва фурӯи фиқҳ (тадқиқи соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқӣ) тақсим шуд ва вобаста ба ин ҳуқуқшиносони исломиро низ ба мӯҷтаҳидҳо ва муқаллидон ҷудо намуданд. Муҷтаҳидон оид ба бисёр масъалаҳои шаръзию ҳуқуқӣ фатво медоданд, муқаллидон бошанд, танҳо ба ҳалли масъалаҳои алоҳидаи шаръию ҳуқуқӣ машғул буданд.
Дар асрҳои миёна се дараҷаи фақеҳон (олӣ, миёна, поёяӣ) вуҷуд дошт. Дараҷаи олиро муҷтаҳидони мутлақ меномиданд, ки дар асл муассисони мазҳабҳои динӣ буданд. Дараҷаи миёнаро муҷтаҳиди муносиб мегуфтанд, ки асосан дар масъалаҳои шаръӣ фикр баён мекарданд; дараҷаи поёниро бошад, муҷтаҳиди амалиёт мехонданд, ки моҳиятан фақеҳони мувофиқи шариат амалкунанда буданд. Дар сунниҳо ду зинаи аввали фақеҳон ҳоло вуҷуд надорад, вале Шиаҳо даъво доранд, ки имоми давр муҷтаҳиди мутлақ ё худ ҳуҷҷатулислом мебошад ва амри ӯ воҷиб аст.
Фарқи асосии аҳкоми шиа, махсусан фиқҳи он аз суннӣ дар он аст, ки шиаҳо масъалаи имоматро пазируфта, ҳадису иснодҳоеро манбаи шариат ва фиқҳ мешуморанд, ки ҳам ба Муҳаммад ва ҳам ба Алӣ нисбат дода шуда башанд. Аз ин рӯ, системаи илоҳиёт ва фиқҳи онҳо ба мазҳаби ҷаъфария (муассисаш имоми шашуми шиаҳо Ҷаъфари Содиқ) такя мекунад.
Аз назари фиқҳи ислом идеали ҷамъият хилофат (теократия) мебошад. Дар ҳамин замина Муҳаммади Мошардӣ (974—1058) дар «Аҳкоми султонӣ» назарияи хилофатро таҳқиқ карда буд. Дар назарияи давлат бисёр масъалаҳои ҳуқуқ, аз ҷумла масоили хироҷ, молиёт, ҷиҳод, вақф, замин, иқтоъ, хумс ва ғайра баррасӣ шудааст.
Ҳуқуқи исломӣ се намуди ҷиноятро муайян кардааст: 1) ҷинояте, ки дар он қасос ё хунбаҳо раво бошад. Ба ин қабил ҷиноят куштан, захмӣ намудан, ягон узви баданро аз кор баровардан ва ғайра дохил мешаванд. Тарзи муайян кардани хунбаҳо дар маҳалҳо ва замонҳои мухталиф гуногун аст; 2) ҷинояте, ки ба ҳад раво бошад, ба мисли таҳқири номи худо, сирқат, хӯрдани май, зино ва гуноҳҳои дигар. Барои ин ҷиноятҳо ҳатман ҷазо дода мешуд; 3) ҷинояте, ки ба он таъзир раво бошад. Ба ин намуди ҷиноят аз майдони ҷанг гурехтан, маълумоти нодуруст ба қозӣ додан, замини дигаронро аз худ намудан ва ғайра мансуб аст.
Бино ба таълимоти фиқҳ масъалаи маҳр, қалин, никоҳ, талоқ, ҳалола ва ғайра дар оила хеле муҳим аст. Шиаҳо ба ҳуқуқи оила ва никоҳ сиғаро низ дохил карданд.
Системаи ҳуқуқии ислом таи асрҳои миёна дар мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ ҷорӣ буд. Он дар давраи феодализм манфиати синфи ҳукмронро ҳимоя намуда, омили боэътимоди дар асорати онҳо нигоҳ доштани халқи заҳматкаш буд. Яке аз сабабзои интишор ёфтани фиқҳ дар мамлакатҳои исломи ба ақидаи муҳаққиқон иборат аз он аст, ки фақеҳон дар ҳалли бисёр масъала, ҳои алоҳида ба одати маҳаллӣ диққати қиддӣ медоданд ва ба масъалаҳои ҳуқуқи шаръӣ масъалаҳои хоҷагию молиявӣ, ахлоқию оилавӣ ва ғайраро ҳамроҳ кардаанд.
Муҳаққиқон мӯътақиданд, ки фақеҳони ислом системаи ҳуқуқии Юнону Рими Қадимро ба эътибор гирифта, бисёр масъалаҳои ҳуқуқиро дар заминаи дини ислом инкишоф додаанд.
Баробари тараққиёти феодализм ва роҳ ёфтани унсурҳои калиталистӣ ба ҳаётти мамлакатҳои Шарқи мусулмони ба фиқҳ бисёр қонуну нормаҳои ҳуқуқшиносии буржуазӣ дохил шуданд ва аз асри 19 сар карда дар он ислоҳоти ҷиддӣ мушоҳида мешуд. Дар мамлакатҳои исломӣ шариат ва фиқҳ ҳанӯз аҳамияти худро гум накардаанд. Дар мамлакатҳои Шарқи Советй баъди Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр нормаҳои ҳуқуқи сосиалистӣ ҷорӣ гардиданд, ки онҳо ифодаи ҷаҳонбинии сосиалистӣ мебошанд. Нигаред Шариат.
М. Хазратқулов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …