Маълумоти охирин

ФИҶИ

ФИҶИ (Ғiji), давлатест дар Уқёнусия, дар қисми ҷанубу ғарби уқёнуси Ором, дар ҷазираҳои Фиҷи. Ба Иттиҳоди Британия дохил аст. Масоҳаташ 18,3 ҳазор км2. Аҳолиаш 672 ҳазор нафар (1983) ; асосан фиҷигиҳо ва ҳиндуҳо. Забони расмӣ англисӣ. Диндорон ба масеҳия, ҳиндуия ва ислом эътиқод доранд. Пойтахташ шаҳри Сува. Органи қонунбарор парламенти дупалатагист. Сардори давлат — маликаи Англия, аз номи у генералгубернатор ҳукмронӣ мекунад.

fiji

Релефи ҷазираҳо (калонтаринашон Вити-Леву ва Вануа-Леву) асосан аз пуштакӯҳҳо иборат буда, онҳоро қаторкӯҳҳо (баландиашон то 1322 м) бурида мегузаранд. Иқлимаш тропикии уқёнусист. Боришоти солона аз 1700 то 3500 мм. Бешаҳои сернами тропикӣ ва савалнаҳо мавҷуданд. Ҷазираҳоро А. Тасман (1643) ва Ҷ. Кук (1774) кашф кардаанд. Аз соли 1874 мустамликаи Англия. Аз 10 октябри 1970 давлати мустақил дар ҳайати Иттиҳоди Британия. Аз соли 1974 бо СССР алоқаи дипломатӣ дорад. Асоси иқтисодиёташ хоҷагии қишлоқ аст. Ба хориҷа мағзи норҷил, найшакар, банан ва инчунин тилло мебарорад. Тӯли роҳҳои автомобилгард 3 ҳазор км. Шарикоии асосии тиҷоратиаш: Британияи Кабир, Австралия. Воҳнди пул—доллари фиҷӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …