Главная / Гуногун / ФИДОИИ ТАБРЕЗӢ Рустаммирзо

ФИДОИИ ТАБРЕЗӢ Рустаммирзо

ФИДОИИ ТАБРЕЗӢ Рустаммирзо (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири эронӣ (асри 16). Дар зодгоҳаш — Табрез касби камол намуд. Сипас, ба Ҳидустон рафта, ба хидмати дарбори Акбар дохил шуд. Дар охири умр ба диёраш баргашт. Дар тазкираҳо («Тазкират-уш-шуаро».-и Мутрибӣ, «Рӯзи равшая»-и Сабо ва ғайра) Фидоии Табрезӣ чун шоири хушбаёну накусухан тавсиф шудааст. Аз осораш абёти парокандаи ғазалиёт ва якчанд рубоӣ дастрас гардидааст. Абёти зер аз ӯянд:

Ман сокини Ҳиндаму дилам сокин нест,

Кас хор чу ман зи кофиру мӯъмин нест.

Афсӯс, Фидоӣ, ки ба гулзори ватан,

Гар мурғ шавӣ, париданат мумкин нест

 

По обила аз кафши баминнат беҳтар,

Гар нест вафо, тарки муҳаббат беҳтар.

Дар маэҳаби ман зуд ба дӯзах рафтан

Бисёр зи интизори ҷаннат беҳтар.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САҚАНКӮР

САҚАНКӮР, нигаред Самандар.