Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФЕЙЕРБАХ Людвиг Андреас

ФЕЙЕРБАХ Людвиг Андреас

feyerbax-la

ФЕЙЕРБАХ (Ғеuerbach) Людвиг Андреас (28. 7. 1804, Ландсхут, Бавария —13. 9. 1872, Рехенберг, Нюрнберг), файласуфи материалист ва атеисти немис. Факултети илоҳиёти Университети Гейделбергро хатм кардааст. Аввал дар зери таъсири ақидаҳои Г. Гегел монда буд. Минбаъд идеализми ӯро сахт танқид карда, робитаи ақидаҳои Гегелро бо дин ошкор намуд. Нуқтаи асосии таълимоти алсафии Фейербах вуҷуди биологӣ ва арди муҷаррад (нигаред Антропология) пиндоштани инсон мебошад. Ба моҳияти табиати иҷтимоии инсон ва қувваи асосии инкишофи таърих сарфаҳм нарафта, Фейербах масъалаҳои асосии ҳаёти ҷамъиятро идеалистона таъбир мекард.
Мақсади асосии Фейербах муборизаи оштинопазир ба муқобили дин буд. Динро бегонашавии рӯҳи инсои мепиндошт ва манбаи асосии онро оҷиз будани инсон дар назди қувваҳои табиат ва ҷамъият медонист. Асоси ахлоқ, ба фикри мутафаниир, кӯшишу ғайрати инсон барои ба даст овардани «саодат» буд, ки тавассути «дини муҳаббат» (ягонагии инсон, таъсири мутақобили Ман ва Ту) бояд амалӣ мешуд. Таълимоти аштрополргии Фейербах аз доираи чаҳорчӯбаи материализми метафизикӣ берун баромада натавонист. Таълимоти ахлоқиаш ба туфайли рӯҳи гуманистӣ, демократӣ ва зиддидиниаш аҳамияти прогрессивӣ дошт.
Ақидаҳои фалсафии Фейербах ба ташаккули ҷаҳонбинии материалистии К. Маркс ва Ф. Эигелс таъсири зиёд расониданд. Асарҳои асосии Фейербах «Доир ба танқиди фалсафаи Гегел» (1839), «Моҳияти дини масеҳӣ» (1841), «Асосҳои фалсафаи оянда» (1943) ва ғайра мебошанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …