Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФЕРМИ Энрико

ФЕРМИ Энрико

ФЕРМИ Энрико (29. 9. 1901, Рим —28. 11. 1954, Чикаго), физики италиявӣ. Яке аз асосгӯзорони физикаи ядро, муассиси мактаби илмии Италия ва ШМА, аъзои хориҷии Академияи Фанҳои СССР (1929). Соли 1938 ба Америка рафта буд. Соли 1925 статистикаи зарраҳоеро, ки ба принсипи Паули тобеанд, кор карда баромадааст. Соли1934 теоремаи миқдории -коҳишро исбот кард. Солҳои 1934—38 Фермӣ бо ҳамкоронаш хосиятҳои нейтронро тадқиқ намуд ва ба физикаи нейтрон асос гузошт. Фермӣ як қатор элементҳо (аз он ҷумла уран)-ро бо нейтрон бомбаборон намуда, радиоактивияти сунъиро мушоҳида намудааст; ҳодисаҳои сустшавии суръати нейтронҳоро кашф ва назарияи ин ҳодисаро пешниҳод намудааст (лауреати Мукофоти нобелӣ, 1938). Соли 1939 ҳангоми бо нейтронҳои суст бомбаборон кардани ядрои уран аз он хориҷ шудани 2—3-то нейтрони сареъро нишон додааст. Дар асоси ҳамин ҳодиса Фермӣ бори аввал дар таҷриба реаксияи ядроии мусалсалро амалӣ гардонд (декабри 1942). У дар соҳаи физикаи зарраҳои баландэнергия низ тадқиқот бурдааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …