Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФЕРМЕНТҲО

ФЕРМЕНТҲО

ФЕРМЕНТҲО (аз лотинӣ fermentum — хамиртуруш, хамирмоя), энзимҳо, катализаторҳои махсуси сафедавиеро гӯянд, ки дар ҳамаи ҳуҷайраҳои зинда мавҷуданд. Ферментҳо мубодилаи моддаҳоро мураттаб ва танзим намуда, дар просессҳои фаъолияти ҳаётӣ роли муҳим мебозанд.

fermenty-magicheskij-klyuch-k-zdorovyu-i-krasote-xa1506976108

Ферментҳо ба 2 гурӯҳ тақсим мешаванд: яккомпонента, ки фақат аз сафеда ва дукомпонента, ки аз сафедаю қисми ғайрисафедавӣ иборат аст. Аксар ферментҳо дар таркибашон металл (масалан, пароксидазаю каталаза оҳан, аскорбинятоксидаза мис ва алкоголдегидрогеназа руҳ) доранд, ки бе онҳо нофаъоланд. Таъсири ферментҳо ба як қатор омилҳо, пеш аз ҳама ба ҳарорат ва реакцияи муҳити дохилӣ (РН), вобаста аст. Ферментҳо дар ҳарорати 40 —50°С нисбатан фаъоланд. Дар ҳарорти паст суръати реакцияи ферментативӣ суст шуда, дар ҳарорати наздики 0° қатъ мегардад. Ҳангоми аз 40— 50° баланд шудани ҳарорат низ ҳамин ҳодиса рӯй медиҳад.

Мувофиқи тавсияи Иттифоқи байналхалқии биохимикҳо. Ферментҳо ба 6 синф ҷудо мешаванд: 1) оксидоредуктазаҳо, 2) трансферазаҳо, 3) гидролазаҳо, 4) лиазаҳо, 5) изомеразаҳо, 6) лигазаҳо.

Дар РСС Тоҷикистон ферментҳо дар як қатор кафедраҳои Институти тиббӣ ва Университети Давлатии Тоҷикистон, баъзе институтҳои тадқиқоти илмии Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон ва Вазорати нитаҳдории тандурусти тадқиқ мешаванд. Дар кафедраи терапияи факултетии институти тиббӣ бошад, фаъолияти ферментҳоро дар зардоб ва эритроситҳоя хуни беморони пневмокониоз тадқиқ мекунанд. Соли 1959 баробари кушода шудани Институти тиббии кишварии Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон. (ҳозира Институти тадқиқоти илмии гастроэнтерология) шӯъбаи биохимия таъсис ёфта, ба эҷоди усулҳои муайян намудани фаъолияти Ферментҳо машғул гардид. Дар пунктатҳои ҷигари беморон фаъолияти 17 номгӯй ферментҳо омӯхта шуданд. Бо фаъолияти энзитмҳои зардоби хуни боморон муқоиса намудани натиҷаи тадқиқи микрохимиявии ферментҳо дар бофтаи ҷигар имкон дод, ки дар клиника барои ташхиси касалиҳои ҷигар таҳлили ферментҳои махсуси зардоби хун (масалан, гистидинаммиаклиаза, урокинатгидротаза ва аргиназа) тавсия шаванд. Дар Шуъбаи муҳофизат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолияти ферментҳо ҳангоми ба онҳо таъсир намудани пестисидҳои гуногун тадқиқ шуд.

Просессҳои ферментативӣ дар нонпазӣ, пивопазӣ, истеҳсоли спирт, чой, сирко ва ғайра аҳамияти калон доранд.

Препаратҳои ферментҳои протеодитиеро, ки аз микроорганизмҳо мегиранд, дар чармгарӣ барои равондани мӯй ва нарм кардани чарм ва препаратҳои ферментҳои микробии пектоллтиро бошад, ҳангоми истеҳсоли шарбат кор мефармоянд. Баъзе ферментҳо дар тиб чун воситаҳои махсуси таҳлили биохимиявӣ истифода мешаванд.

И. Мансурова.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …