Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФЕЪЛИ ҲОЛ

ФЕЪЛИ ҲОЛ

ФЕЪЛИ ҲОЛ, шакли феълие, ки амал ва ҳолатеро ҳамчун аломати феъли асосӣ ифода мекунад (ҷилвакунон, додгӯён). Феъли ҳол хусусиятҳои феъл ва зарфро дорост. Аз ин ҷо онро зарфи феълӣ ҳам мегӯянд. Дар забони тоҷикӣ шакли Феъли ҳоли замони ҳозира маъмул аст, ки он гузаранда (навиштаравон, шудгоркунон) ва монда (табассумкунон, тохтаравон) мешавад. Феъли ҳоли замони ҳозира ду тарзи феъл: фоил (…машкобро нафринкунон… медошт), миёна (роҳравон аз фиқр мегузаронид) дошта, намуди давомнокро мефаҳмонад. Феъли ҳол маънои мустақили замон надорад, амалу ҳолати вай бо феъли асосӣ дар як замон воқеъ мегардад. Феъли ҳол хусусияти вобастакунии феълӣ дорад ва ибораҳои феълиҳолӣ месозад (ба сӯи ҳамёи ишоракунон пичиррос зад)« Феъли ҳол дар ҷумла одатан ба вазифаи ҳоли тарзи амал меояд (Абӯалиро кашолакунон мебаранд).    Д. Тоҷиев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …