Маълумоти охирин

ФЕЛЕТОН

ФЕЛЕТОН (аз франсавӣ feuilleton, аз feuille — варақ, барг), жанри бадеию публисистиест, ки ҷанбаи танқидию ҳаҷвӣ дорад. Яке аз жанрҳои маъмули матбуоти даврӣ буда, дар мавзӯъҳои муҳимми рӯз таълиф мешавад. Фелетон охирҳои асри 18 дар матбуоти Франсия ҳамчун варақаи иловагии газета аз чоп мебаромад. Дар матбуоти советӣ охири солҳои 30 ҳамчун жанри ҳаҷвӣ шинохта шуд. Минбаъд фелетонҳо дар мавзӯи сиёсати байналхалқӣ ва дигар масъалаҳои актуалӣ пайдо шуданд.

Фелетон дар адабиёти советии тоҷик пас аз Револютсияи Октябр ба вуҷуд омад. Аввалин фелетонҳо дар журнали «Шӯълаи Инқилоб» (1919—21) дарҷ ёфтаанд. Газетаҳои «Бедории тоҷик» ва «Тоҷикистони сурх» барои инкишофи жанри фелетон замина гузоштанд. Ҳоло фелетон дар журнали «Хорпуштак» ва газетаҳои республикавӣ мавқеи муҳим дорад. Дар инкишофи ин жанр С. Айнӣ, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, Ф. Муҳаммадиев, С. Ғанӣ, И. Файзуллоев ва дигар хизмати намоён кардаанд.
Адабиёт: С о л е ҳ о в С., Ҳаҷв дар матбуоти тоҷикии солҳои 20—30,- Душанбе, 1969; Советский фельетон, Москва, 1959; Журбина Б. И., Теория и практика художественно-публицистических жанров, М., 1969. У. Гулмуродов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …