Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФЕЪЛ

ФЕЪЛ

ФЕЪЛ, яке аз ҳиссаҳои нутқ аст, ки амал ва ҳолату вазъиятро ҳамчун амал мефаҳмояад. Феъл дорои категорияи шахс, шумора, тарз, замон ва сиға, шаклҳои тасрифӣ ва ғайритасрифӣ (масдар, сифати феълӣ, феъли ҳол), ду намуд (мутлақ ва давомдор) мебошад. Феъл се замон (ҳозира, гузашта, оянда) дорад. Замони ҳозира дорои шаклҳои зерин аст; замони ҳозираи давомдор ё муайян (дида истодааст); замони ҳозираи муайяни шартию хоҳишмандӣ (дида истода бошад); замони ҳозираи муайяни эҳтимолӣ (дида истодагист).

Замони гузаштаи феъл чунин шаклҳо дорад: замони гузаштаи наздик (омад); замони гузаштаи ҳикоягӣ (меомад); замони гузаштаи дур (омада буд); гузаштаи дури давомдор (хонда истода буд); гузаштаи нақли (дидааст); гузаштаи ҳикоягии нақли (мехондааст); гузаштаи дури нақли (дида будааст); гузаштаи дури давомдори (муайяни) нақлӣ (гуфта истода будааст); гузаштаи шартию хоҳишмандӣ (дида башад), гузаштаи эҳтимолӣ (хондагист).

Замони ояндаи феъл чунин шаклҳоро дорост: замони ояндаи дур (хоҳам хонд); шакли замони ҳозираю оянда (мехонам); замони ҳозираю ояндаи эҳтимолӣ (меёфтагистам).

Феъл тарзҳои махсуси калимасозӣ дорад. Префиксҳои калимасози он бар, боз, во, фур, фар ва ғайра мебошанд. Дар калимасозии феъл тарзи таркибӣ сермаҳсул аст. Дар ин маврид аз исмҳои гуногунмаъно; номи амал, ҳолат, ҷараёни фикр, нутқ, ҳис, рафтору кирдор, овозу садо, номи асбоб,ҷисмҳои моеъ, узви бадан, ҳодисаҳои табиат; сифатҳои гуногунмаъно; шумораи як; калимаҳои тақлиди овоз; таркибҳои пешояндӣ ба воситаи феълҳои ёридиҳандаи кардан, намудан ва шудан, гардидан, ки дуи аввал дар сохтани феълҳои гузаранда ва дуи сонӣ дар сохтани феълҳои монда саристеъмол аст, инчунин феълҳои ёридиҳандаи дитар феълҳои таркибию номӣ сохта мешавад.

Феъл префексҳои шаклсоаи мева би-, будорад, ки давомнокӣ, такрор ва чандкаратии амал ва қатъият, мутлақият ва яккадетии амалро мефаҳмонанд. Ба феъл ду префикси инкорӣ: на- ва ма- васл мешавад. Префикси ма- асосан бо сиғаи амр меояд (марав, магир). Дар Феълҳои таркибии номӣ ҳиссачаи инкорӣ бо феъли ёридиҳанда (кор накард), дар феълҳои таркибии феълӣ ҳам бо феъли ёридиҳанда (фаҳмида намонад), ҳам бо феъли асосӣ (нарафта истодааст) меояд.

Адабиёт: Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. ҷилди 1, Душанбе.1985.Ш. Рустамов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …