Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФЕҲРИСТ

ФЕҲРИСТ

ФЕҲРИСТ (арабӣ — ҷадвал, номгуй, руйхат), ҷадвали махсусест барои таъини матни мундариҷа — фаслу бобҳои ягон китоб, ҷадвали унвонҳо ва сарлавҳаҳои юггоб, ки аксар дар аввалм он меояд; номгӯи

мураттаби предметҳо, ки аз рӯи иишонаи муайян ҷудо карда шудаанд; маълумотномаи нашрияҳои илмию техникп ё маданию маърифатӣ (баъаан муоаввар, масалан, феҳристи маркаҳо, феҳристи намоишгоҳи асарҳои бадеӣ ва ғайра).

fehrist

Феҳрист дар китобхона (каталог), номгӯи асарҳои чопист, ки дар китобхона маҳфузанд.

Феҳрист аз рӯи таъиноти худ ду хел мешавад: феҳристи оммавӣ, ки хусусияти маълумотщиҳию тавсиявӣ дорад ва феҳристи хос, ки асарҳои нодир ва қадимаро дар бар мегирад. Аз рӯи гурӯҳбандии нашрияҳо феҳрист тасиифӣ, мавзӯӣ, алифбоӣ ва ғайра мешавад. Дар феҳристи таснифӣ асарҳои чопӣ оид ба ҳар соҳаи дониш мувофиқи таснифоти нашрию библшографие, ки дар ҳамин китобхона қабул гардидааст, ба гурӯҳҳо ва шӯъбаҳо ҷудо нарда мешаванд. Дар феҳристи мавзӯӣ предметҳо (ҳодисаҳо, объектҳо)-е, ки роҷеъ ба онҳо дар асарҳои чопӣ сухан меравад, мувофиқи тартиби алифбо қайд меёбанд. Дар феҳристи алифбой номи муаллифон ё асарҳои онҳо аз рӯи тартиби алифбо меояд.

Феҳристи таснифӣ ва алифбоӣ, инчунин картотекаи мақолаҳои газетаю журналҳо барои ҳар  китобхонаи советй ҳатмист, феҳристи мавзӯӣ дар китобхонаҳои илмӣ ва махсус истифода мешавад. Дар китобхонаҳои республикавӣ, кишварӣ, вилоятӣ феҳристи адабиёт ва ҳар навъ материалҳо дар бораи республика, кишвар, вилоят тартиб дода мешавад, яъне феҳристи кишваршиносӣ ва феҳристи матбуоти маҳаллӣ. Дар баъзе китобхонаҳо баробари феҳристи калон, ки тамоми фонди китобхонаро акс мекунад, феҳристҳое тартиб додан мумкин аст, ки фонди шӯъбаҳои онро дар бар гиранд. Агар китобхона филиал дошта бошад, зарурати феҳристи марказӣ ва феҳристи тамоми филиалҳои он ба миён меояд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …