Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФЕДИН Константин Александрович

ФЕДИН Константин Александрович

ФЕДИН Константин Александрович (24. 2. 1892, Саратов —15. 7. 1977, Москва), нависандаи советии рус, ходими ҷамъилтӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1958), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (196/), аъзо-коррспонденти Академияи санъати Германия (1958). Аз оилаи мешанин. Институти савдои Москваро тамом кард (1914). То соли 1918 дар Германия буд. Китоби аввалинаш — маҷмуаи ҳикояҳои «Мавзеи нообод» (1923). Ромали Федин «Шаҳрҳо ва солҳо» (1924) мавқен зиёиёни русро дар революсия ва ҷанги гражданӣ нишон медиҳад. Дар романи «Бародарон» (1927—28) нависанда роҷеъ ба ягонагии миллӣ ва санъати революсионӣ баҳс мекунад, масъалаи муборизаро баҳри ин санъат ба миён гузоштааст. Романи «Рабудани Европа» (китобҳои 1—2, 1933—35) дар танқиди асосҳои сиёсӣ ва маънавии ҷамъияти буржуазӣ таълиф ёфтааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) песаи «Санҷиши эҳсосот» (1942), силсилаи ҳикояҳои «Якчанд мавзеъҳои аҳолинишин» (1943) ва «Дидори Ленинград» (1944)-ро навишт. Ба таълифи романи сегонаи «Шодиҳои нахустин» (1945; тарҷумаи тоҷикӣ, 1968), «Тобистони ғайриоддӣ» (1947—48; тарҷумаи тоҷикӣ 1972: барои ҳар ду роман Мукофоти давлатии СССР, 1949), «Гулхан» (китобҳои 1—2, 1961—65) пардохт. Дар ин романҳо таърихи ташаккули характери революсионии халқи рус, ғояи қонунӣ будани навсозиҳои революсионии ҷамъияти рус инъикос ёфтааст. Дар китоби «Нависанда, санъат, замон» (1957) Федин симои эҷодии нависандагони муосираш (М. Горкий, С. Цвейг, Р. Роллан ва дигарон)-ро нишон додааст. Китоби ёддоштии у «Горкий дар байни мо» (1941—68) хусусиятҳои ҳаёти маънавию иҷтимоии солҳои 20 ва эҷодиёти М. Горкий, А. Блок, Н. Тихонов ва дигаронро дар бар мегирад. Асарҳои Федин ба забонҳои халқҳои СССР ва бисёр забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд. Котиби якум (1959 —71) ва раиси Правленияи Иттифоқи Насианддагони СССР (аз соли 1971) буд. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 6—9). Бо 4 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.
Осор: Ҳикояҳо, Сталинобод. 1960; Собрание сочинение, том 1—10, Москва, 1969—73.

Адабиёт: Кузнесов Н. И., Константин Федин. Очерк творчества, Москва, 1969; Оклянский Ю., Константин Федин. Встреча с мастером, Москва, 1974.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …