Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФЕДИН Андрей Трофимович

ФЕДИН Андрей Трофимович

ФЕДИН Андрей Трофимович (16. 7. 1893—10. 1938), қаҳрамони ҷанги гражданӣ, иштирокчии фаъоли сохтмони сосиалисти дар Тоҷикистон. Аъзои КПСС аз соли 1918. Аввал челонгар буд. Аз феврали 1918 дар сафи Армияи Сурх. Дар ҳайати Дивизияи 2-юми савора дар Бухоро бар зидди босмачиён мубориза бурд. Аз апрели 1925 комиссари Бригадаи 7-уми махсуси аскарони савораи Туркистон, солҳои 1931—33 Федин шунавандаи Академияи ҳарбии ба номи М. В. Фрунае, солҳои 1933—36 командир ва комиссари Бригадаи махсуси аскарони савораи Туркистон. Солҳои 1936—38 дар хориҷа кор кардааст. Бо орденҳои Байрақи Сурх, Ситораи Сурх (дараҷаи 1-и РХСБ), орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнати РСС Узбакистон ва РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Адабиёт: Вишневский А. Я., Козачковский В. А., Андрей Трофимович Федин (Очерк жизни и деятелности), Душанбе, 1964.
А. Я. Вишневский.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …