Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАЗЛУЛЛОҲИ АБУЛЛАЙСӢ

ФАЗЛУЛЛОҲИ АБУЛЛАЙСӢ

ФАЗЛУЛЛОҲИ АБУЛЛАЙСӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва донишманди форс-тоҷик (асри 15). Дар зодгоҳаш Самарқанд илмҳои расмни даврро омӯхт. Забони арабиро хуб медонист. Аълами уламои Самарқанд буд. Алишери Навоӣ ду сол аз ӯ сабақ гирифтааст. Намунаҳои осораш тавассути тазкираҳо расидаанд. Ин абёт аз ӯст:

Қадди чун сарви ту ҷон аст маро, балки равон,

Сӯям, эй сарв, равон шав, ки фидосозам ҷон.

Муаммо ба номи Ҳаким:

Чун биҳишт ояд ба фатҳ аз рӯи боғ,

Булбулаш гар гум шавад, ёбад шикаст.

Адабиёт: Суханварони сайқали рӯи замин,

Душанбе, 1973.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …