Главная / Гуногун / ФАЗЛИИ НАМАНГОНӢ

ФАЗЛИИ НАМАНГОНӢ

ФАЗЛИИ НАМАНГОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 19). Фазлии Намангонӣ дар Намангон соҳиби мансабе буд. Баъдтар ба Хӯқанд омада кори эҷодиашро дар дарбори Амирӣ давом дод ва ба дараҷаи маликушшуароӣ расид. Солҳои охири ҳаёташ дар Намангон зистааст. Фазлии Намангонӣ «Шоҳнома» ном асари таърихӣ дорад, ки дар он сафару корнамоиҳои ҳарбии Умархони Амирӣ ва баъзе воқеаҳои замонаашро ба назм даровардааст. Фазлии Намангонӣ ҳамчун намояндаи адабиёти дарбории нимаи аввали асри 19 маълум аст. Девони мукаммали ашъораш дастрас нест. Муҳимтарин асари Фазлии Намангонӣ тазкираи «Маҷмӯат-уш-шуаро» аст. А. Бобоев.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …