Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАЗЛИИ БУХОРОӢ

ФАЗЛИИ БУХОРОӢ

ФАЗЛИИ БУХОРОӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (охири асри 12—ибтидои асри 13). Ҳамдарси Муҳаммади Авфӣ. Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Фазлии Бухороӣ донишманди мӯътабари замонаш буд, вале ҳукуматдорон ба қадри илму донишаш нарасиданд, аз ин рӯ сафари Ҳиндустонро пеш гирифт. Муҳаммади Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» аз ӯ 1 қасида ва 4 рубоӣ овардааст. Намунаи рубоиёти шоир:

Ҳар лола, ки чашми кӯҳсоре будаст,

Сад қатра зи хуни тоҷдоре будаст.

Маспар ба қадам сабзаи бӯстон густох,

К-он васмаи абруи нигоре будаст.

С. Вохидов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …