Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ноҳияи ФАЙЗОБОД

Ноҳияи ФАЙЗОБОД

01

ФАЙЗОБОД, райони маъмурии тобеи республикавист дар Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, 14 июни 1931 таъсис ёфтааст; соли 1963 бо райони Орҷоникидзеобод муттаҳид карда шуда, соли 1969 аз нав райони мустақил гардид. Масоҳаташ 1171,5 км2. Аҳолиаш 54 ҳазор нафар (1986). асосан тоҷикон. Ба 5 Совети қишлоқ (Гумбулоқ, Ҷавонон, Қалъаи дашт, Мискинобод, Қадиоб) тақсим шудааст. Маркази район—посёлкаи Файзобод.

Ҳудуди район дар ҳавзаи болооби дарёи Элок (шохоби чапи Кофарниҳон) ва соҳили рости дарёи Вахшу обанбори Норак ҷой гирифтааст. Релефаш кӯҳист. Қисми шимолу ғарбиро нишебиҳои ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Қаротегнн (баландиаш то 3000—3500 м) ва қисми ҷанубу шарқиро Сурхкӯҳ (2500—3000 м) ишғол кардаанд. Дар байни ин кӯҳҳо водии дарёи Элок (баландиаш аз сатҳи баҳр 1100—1700 м) воқеъ гаштааст. Чашмаҳои обашон гарм ва хунук (Гумбулоқ, Муллошайх, Обигарм) мавҷуданд. Оби чашмаи деҳаи Гумбулоқ ҳамчун оби минералии нӯшокии «Файзобод»

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …