Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳраки ФАЙЗОБОД

Шаҳраки ФАЙЗОБОД

01

ФАЙЗОБОД (собиқ деҳаи Дарагиён), посёлка, маркази маъмурии раёни Файзободи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, ки 50 км шарқтари Душанбе воқест. Аҳолиаш 4130 нафар (1986). Корхонаҳояш: заводи шир, сехи нонпазӣ ва комбинати хизмати маишӣ (сехҳои либосу кашидадӯзӣ, таъмири пойафзол, бо роҳи химиявӣ тоза кардани либос, устохонаҳои суратгирӣ, таъмири соат ва радиою телевизор, оҳангарӣ, чӯбгарӣ, сартарошхона ва ғайра). Посёлка мактаби миёна, 2 китобхона, хонаи пионерон, хонаи маданият, театри халқӣ, кинотеатрҳои зимистона ва тобистона, 2 боғча-яслӣ, боғи маданият ва истироҳат, стадион, меҳмонхона, поликлиника, беморхона, дорухона, универмаг, 5 магазин, 4 ошхона, чойхона дорад. Солҳои охир дар посёлка шумораи биноҳои серошёнаи маъмурию истиқоматӣ хеле афзуд. Х. Азимов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …