Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ФАЙЗИЯ» – асари Абӯалӣ ибни Сино

«ФАЙЗИЯ» – асари Абӯалӣ ибни Сино

«ФАЙЗИЯ» «алвоҳия», асари Абӯалӣ ибни Сино дар боби тиб, ки тахминан солҳои 1020—30 таълиф шуда, маълумоти зиёдеро оид бабемориҳои гуногун аз илоҷи онҳо дар бар мегирад. Дар «Файзия» аввал номи беморӣ, сипас доруе, ки барои муолиҷаи он тавсия мешавад оварда шудааст. Рисола аз 149 боб иборат буда, ҳар боб аз табобати бемориҳои алоҳида баҳс мекунад. Масалан, дар боби аввал доруҳои нофеи сардард тавсиф шудаанд. Дар ин боб муаллиф 41 доруро, ки бо роҳи нӯшидан, бӯидан, молидаи ва ғайра истеъмол мешаванд, номбар кардааст. «Файзия» усули истеъмоли доруҳоро тавзеҳ медиҳад.

Абӯалии Сино дар ин рисола оид ба таъсири 907 дору маълумот додааст, ки 739-тои он аз гиёҳ, 74-тоаш аз моддаҳои маъданӣ ва 94-тоаш аз бофтаҳои ҳайвонӣ тайёр карда мешаванд. Муаллиф оид ба истифодаи амалии 65 равғани наботӣ (масалан, равғани садбарг, зайтун ва ғайра) маълумот медиҳад. Ибни Сино дар «Файзия» бори аввал оид ба хусусияти шифоӣ доштани шохи гавазн сухан рондааст. Таҳлилу истифодаи амалии маълумоти рисола оид ба хосияти шифобахшии доруҳо барои тибби имрӯза низ аҳамияти калон дорад. Нусхаи ягонаи «Файзия» соли 1954 тасодуфан дар бозори китобфурӯшии Париж пайдо шудааст.

Адабиёт: Абӯалӣ ибни Сино, Рисолаи «Алвоҳия ё Файзия», тадқиқот ва таълифоти Муҳаммад Сувайсӣ, Тунис, 1975.

Ю. Нуралиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …