Главная / Гуногун / ФАЙЗИЕВ Абдулҳақ Раҷабович

ФАЙЗИЕВ Абдулҳақ Раҷабович

ФАЙЗИЕВ Абдулҳақ Раҷабович (таваллуд 15. 3. 1938, деҳаи Ёрии раёни Панҷакент), геологи советӣ, доктори илмҳои геология ва минералогия (1982), профессор (1983). Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. (1959). То соли 1960 геологи Экспедисияи ҷануби Тоҷикистон буд. Аз соли 1960 ассистенти кафедран минералогия ва петрографияи Университети Давлатии Тоҷикистон, аз 1966 — муаллими калон, аз 1968— досенти кафедраи мазкур ва аз 1985 — декани факултети геологияи Университети Давлатии Тоҷикистон Файзиев муаллифи зиёда аз 100 асару мақолаҳои илмист. Тадқиқоти асосиаш ба минералогияи конҳои флюорити ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон оиданд.

Асар.: Минералогия и особенности генетиса флюоритових месторождений югозападного Каратегина, Душанбе, 1972.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …