Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАЙЁЗИ ХУҶАНДӢ

ФАЙЁЗИ ХУҶАНДӢ

ФАЙЁЗИ ХУҶАНДӢ Мирзоабдуллоҳ ибни Исматуллоҳ (1847, Хуҷанд—1934, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Аз Файёзи Хуҷандӣ як дафтари ашъор (ғазалиёту маснавиҳо, мухаммасу мусаддасот, қасидаю рубоиёт, қиссаю тамсилот, мутоибот, таърихҳо, қитаот ва муфрадоту муаммоҳо) боқӣ мондааст, ки қариб 4000 байтро дар бар мегирад. Бисёр шеърҳояш дар шакли муламмаъ (тоҷикию ӯзбекӣ) гуфта шудаанд. Шоир дар ашъораш аа ҳарисию бадкирдории золимон шикоят карда, одамонро ба роҳи илму маърифат ва хайрхоҳию накӯкорӣ ҳидоят намудааст. Файёзи Хуҷандӣ ба шаҳрҳои Москва, Петербург, Одесса ва як қатор мамлакатҳои Ғарбу Шарқ (Франсия, Швейсария, Арабистон, Ҳабашистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон, Туркия) сафар намудааст. Ин сафарҳояш ба эҷодяёти ӯ нақши муайян гузоштаанд. Файёзи Хуҷандӣ дар ашъораш маданияти пешқадами Россия, Еврона ва Шарқро тарғиб намудааст.

Осор: Ашъори мунтахаб, Душанбе. 1984.

С. Марофиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …