Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАЙЁЗ Хоҷа Муҳаммад

ФАЙЁЗ Хоҷа Муҳаммад

ФАЙЁЗ Хоҷа Муҳаммад Дониёл ибни Хоҷа Шоҳӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Ба қавли Малеҳои Самарқандӣ шахси таҳсилдида, соҳиби фазлу камол будааст. Дар татаббӯи шуарои гузашта шеър (бештар ғазал) мегуфтааст.

Ин байт аз ӯст:

Ҳама аз холу хату зулф сухан мегӯянд,

Моҳи ман содаузорест, ки гуфтан натавон.

Файёз инчунин хаттот ва дар иншо моҳир будааст.

Адабиёт: Суханварони Сайқали рӯи замин,

Душанбе, 1973.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …