Маълумоти охирин

ФАЯНС

ФАЯНС (аз франсузӣ faience — номи шаҳр, маркази истеҳсоли маснуоти сафолӣ дар Италия), як навъ сафоли нафис ё чинии дағалро гӯянд, ки аз гилмояи сафед, хамираи минералҳо, омсидҳо ва дигар моддаҳои ғайриорганикӣ тайёр мекунанд. Аз чинӣ бо нисбатан дурушт будани гилмоя ва рутубатро оз худ ҷалб карданаш фарқ мекунад Аз нн рӯ маснуоти фаянсӣ барои намногузар шудан сир дода мешаванд.
Сафоли нафис дар асрҳои аввали милод дар Хитой ва дар дигар шаҳрҳои Шарқи Миёна ва Наздик истеҳсол мешуд. Дар асрҳои миёна дар Урганҷ, Нисо, Машҳад, Исфаҳон, Самарқанд, Бухоро корхонаҳои маснуоти сафоли нафис мавҷуд буданд. Хусусан кошиҳое, ки бо усули сафоли нафис тайёр карда шуда, ёдгориҳои таърихии асрҳои миёна бо онҳо зинат дода мешуданд, аҳамияти калони меъморӣ доштанд. Баъдтар дар Европа истеҳсоли сафоли нафис, яъне фаянс аз гилмояи силикатӣ ба роҳ монда шуд.

fayans
Ҳоло дар техника маснуоти фаянсӣ зиёд истифода мешавад. Гилмояи онҳо маъмулан оҳакӣ, шомутӣ (хоки ба оташ тобовар), птатӣ (шпати даштӣ) ва алюминийдор мешавад. Барои сохтани бисёр асбобҳои рӯзғор, хусусан қисмати беҳдошти (сантехника)-и хонаю иншоотҳои дигар фаянсро зиёд истифода мебаранд.
Фаянс ҳоло ҳамчун асбоби рӯазор ва кошиҳои музайании девори ошхонаю биноҳои махсус бисёр истифода мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …