Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАХРУЗЗАМОНӢ Мулло Абдуннабии Қазвинӣ

ФАХРУЗЗАМОНӢ Мулло Абдуннабии Қазвинӣ

ФАХРУЗЗАМОНӢ Мулло Абдуннабии Қазвинӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва тазкиранигори эронӣ (асри 17). Аз оилаи тоҷир. Шаҷараи авлодаш гӯё ба Абдуллоҳи Ансорӣ мерасидааст. Фахруззамонӣ дар зодгоҳаш камол ёфт. Дар аввал Иззатӣ тахаллус мекард. Дар 19-солагӣ ба Машҳад ва Ҳиндустон рафт. Асарҳояшро дар Ҳиндустон навиштааст. Аз асарҳои Фахруззамонӣ то имрӯз «Дастур-улфусаҳо», «Наводир-ул-ҳикоёт», тазкираи «Майхона», «Тироз-ул-ахбор» ва ғайра боқӣ мондаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …