Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАХРИИ РӮМОНӢ

ФАХРИИ РӮМОНӢ

ФАХРИИ РӮМОНӢ Саидакрами Саидҳофиз (1829, деҳаи Рӯмони ҳозира раёни Хуҷанд—1914, ҳамон ҷо), шоири халқии тоҷик. Аз оилаи косиб. Бо бордорӣ, деҳқонӣ ва косибӣ машғул будааст. Фахрии Рӯмонӣ дар ашъораш, ки аз ғазалу маснавӣ, рубоӣ иборат буда, дар таъсири назми классикии форс-тоҷик ва эҷодиёти даҳанакии халқ эҷод шудаанд, аҳли меҳнатро тараннум карда, бар зидди зулму беадолатиҳои ҳокимон эътироз намудааст:
Равнақи кори фақирон аз куҷо гирад ривоҷ,
Медиҳад бо нархи галла косибон ҳар ҳафта боҷ.
Қоқ шуд қоқу мавиз, харгиз нашуд якдон самар,
Боз бар болои ин султон мегирад хироҷ
Ӯ махсусан дар сурудани ашъори лирикӣ маҳорати баланд доштааст («Чалақ-палақ», «Эй муҳити ҷониё» ва ғайра). Омӯзиши эҷодиёти Фахрии Рӯмонӣ аз солҳои 30 оғоз ёфтааст. М. Турсунзода бори аввал дар «Намунаи фолклори тоҷик» (2, 1940) баъзе шеърҳои ӯро дарҷ карда буд. Ашъораш дар китобҳои дарсӣ ва асарҳои илмӣ низ ба табъ расидаанд. Якчанд шеър ба забони ӯзбекӣ ва муламмаъҳо (тоҷикию ӯзбекӣ) навиштааст, ки дар баёзе фароҳам омадаанд. В. Асрорӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …