Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАВВОРА

ФАВВОРА

ФАВВОРА, фОНТан (италиявӣ fontana, аз лотинӣ fons — чашма, манбаъ), дар меъморӣ иншооти махсусест, ки барои боло бардоштан ё ба поён шоридани об мувофиқ кунонда шудааст. Фаввора аввал дар болои сарчашмаи табиии об сохта мешуд. Минбаъд фавораро дар ҷойҳои дилхоҳ сохта, обро ба он тавассути қубуру наҳрҳо меоварданд. Фавора дар Шарқ, аз ҷумла Осиёи Миёна аз қадим маъмул аст.

fontan

Чорбоғу бошишгоҳҳои пуршукӯҳ бо фавора зинат меёфтанд. Аз сарчашмаҳои хатти маълум мегардад, ки дар Самарқанд Боғинав ном боғи дилрабо бо фавора, сардоба ва шаршараҳо зинат ёфта будааст (асри 15), вале ин боғ то замони мо боқӣ намондааст. Сохтани фавора дар Тоҷикистон дар замони советӣ авҷ гирифт. Дар Душанбе фавораҳои бошукӯҳи Майдони 800-солагии Москва, хиёбонҳои ба номи Ленин, Путовский ва Айнӣ, инчунин дар шаҳрҳои Ленинобод, Норак, Қӯрғонтеппа фавораҳо сохта шудаанд. Фавораи Қасри маданияти колхози ба номи Урунхӯҷаев дар раёни Хуҷанд басо зебост. Баъзан дар атрофи фавора чароғҳои электрикӣ гузошта мешаванд, ки шабона равшанӣ дода, ҳусни онро меафзоянд.
Р. Додобоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …