Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАВОРСКИЙ Алексей Евграфович

ФАВОРСКИЙ Алексей Евграфович

ФАВОРСКИЙ Алексей Евграфович (3. 3. 1860, Павлово, ҳозира вилояти Горкий—8. 8. 1945, Ленинград), химик-органики советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1929; аъзокорр. 1922), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1945).
Асарҳои асосии Фаворский ба омӯзиши химияи пайвастҳои органикии беҳад оиданд. Фаворский солҳои 1900—05 конденсасияи карбогидридҳои асетилениро бо кетонҳо таҳти таъсири ишқори калий тадқиқ намуда, усули нави синтези спиртҳои сеюмини асетилениро кашф кард. Асосгузори яке аз мактабҳои мутахассисони химияи органикии ооветӣ мебошад. Тадқиқоти Фаворский ва шогирдони ӯ дар соҳаи омӯзиши пайвастҳои органикии беҳад ба сиптези саноати каучук дар СССР асоси назариявӣ гузошт. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1941). Бо 4 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …