Маълумоти охирин

ФАУНА

ФАУНА (лотинӣ fauna—олиҳаи бешазору майдонҳо ва ҳайвонот), маҷмӯи намудҳои ҳайвонотро гӯянд„ ки дар территорияи муайяне зиндагӣ мекунанд. Фаунаи ин ё он ноҳия дар просесси инкишофи таърихӣ аз гурӯҳҳои ҳайвоноти пайдоишашон гуногун — автохтонҳо (ҳайвоноти дар ҳамон ҷо пайдошуда), аллохтонҳо (ҳайвоноте, ки дар дигар ҷой пайдо шуда, ба ин ҷо барвақт омадаанд) ва иммигрантҳо (ҳайвоноте, ки нисбатан дертар омаданд) ташкил меёбад.

fauna

Истилоҳи фаунаро нисбат ба гурӯҳҳои алоҳидаи систематикаи ҳайвонот — фаунаи паррандагон (авиофауна ё орнитофауна), фаунаи моҳиҳо (ихтиофауна), фаунаи хазандаҳо, фаунаи обхокиҳо, фаунаи ширхӯрҳо ва ғайра, инчунин нисбат ба олами ҳайвоноти ягон давраи муайян (масалан, фаунаи муосир, фаунаи миосен, фаунаи плиосен ва ғайра) истифода мебаранд. Фаунаҳои тундра, тайга, беша, дашт, нимбиёбон, биёбон ва ғайра нағз мавҷуданд. Фаунаро яке аз қисматҳои зоогеография — фаунистика ё зоогеографияи фаунистӣ меомӯзад. Маҷмӯи асарҳои оиди систематикаи олами ҳайвоноти ин ё он ноҳияро низ фауна меноманд (масалан, фаунаи СССР, фаунаи Тоҷикистон ва ғайра). Фауна Тоҷикистон 525 намуди ҳайвонот (моҳӣ—49, обхокиҳо —2, хазандаҳо —44, паррандаҳо —346 ва ширхӯрон —84)-ро бар мегирад. Я. Соков.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …