Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАТТОҲИИ НИШОПУРӢ

ФАТТОҲИИ НИШОПУРӢ

ФАТТОҲИИ НИШОПУРӢ Мавлоно Муҳаммад ибни Яҳёи Себак (соли таваллуд номаълум, Нишопур — вафот 1448, Ҳирот), шоир, нависанда, олим ва хаттоти форс-тоҷик. Фатоҳии Нишопурӣ аксари илму дониши замонадшро аз худ карда буд. Махсусан дар илмҳои қофия, арӯз, бадеъ ва санъати хат истеъдоди баланд дошт. Асарҳои Фатоҳии Нишопурӣ бо тахаллусҳои гуногун навишта шудаанд. Шоир аввал лақаби падараш Себакро ба арабӣ гардонда, «Туффоҳӣ» тахаллус гирифт. Сипас онро ба «Фаттоҳӣ» иваз кард. Бо тахаллуси «Хуморӣ» ва «Аҳрорӣ» ҳам девони ғазалиёт дорад, ки ҳама дар тазмину татаббӯи ғазалсароёни гузашта гуфта шудаанд. Ғазалиётн ин девон, ки ҳанӯз дар асри 15 камёб будааст, аз таому ғизоҳои гуногун баҳс менамояд. Бо тахаллуси «Фаттоҳӣ» девоне мураттаб сохтааст, ки беҳтарин ғазалиёту муқаттаоти ӯро дар бар мегирад. Фатоҳии Нишопурӣ бо исми «Ҳусн ва Дил» як маснавӣ ва як рисолаи мансур навиштааст, ки ҳар ду нусха ҳам боқист. «Шабистони нукот ва гулистони луғот»-и Фатоҳии Нишопурӣ асари мансури ахлоқию фалсафӣ буда, бештар бо номи мухтасари «Шабистони хаёл» шӯҳрат дорад ва нусхаҳои пурраи хаттию чопии он маҳфузанд.
Осор: Ҳусн ва Дил., Душанбе, 1985.
А. Раҳмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …