Маълумоти охирин

ФАШИЗМ

ФАШИЗМ ( италиявӣ Fascicmo, аз fas-сio — иттиҳод, даста), ҷараёни сиёсиест, ки дар давраи кризиси умумии капиталисти ба вуҷуд омада, манфиати доираҳои бағоят иртиҷои ва таҷовузкори буржуазияи империалистиро ифода мекард. Ҳокимияти фашистӣ диктатураи террористии қувваҳои иртиҷоъпарасти капитали молиявист.

fashizm

Истифодаи шаклҳои ашаддии зури ба муқобили синфи коргар ва ҳамаи меҳнаткашон, антикоммунизм, шовинизм ва нажодпарастии ҷанговар, истифодаи васеи методҳои давлатию монополистии танзими иқтисодиёт, суханпардозиҳои (аксаран сосиалистонаи бардурӯғ) сиёсии авомфиребона бо мақсади ба вуҷуд овардани заминаи умумӣ (асосан аз ҳисоби буржуазияи майда) барои партия ва ташкилотҳои фашистӣ нишонаҳои асосии фашизм мебошанд. Охири солҳои 30 режими фашистӣ дар Италия, Германия, Португалия, Испания ва якқатор мамлакатҳои Европаи Шарқӣ ва Марказӣ барқарор шуд. Германияи фашистӣ бо сардории Гитлер (1933—45) бо Италияи фашистӣ бо сардории Муссолини (1922—43) ва Японияи милитаристӣ шартнома баста, Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939 —45)-ро сар кард. Баъди ҷанг дар як қатор мамлакатҳои капиталистӣ фаъолияти унсурҳои неофашистӣ пурзӯр шуд. Вале сарнагун шудали фашизм дар Португалия (1974), Юнон (июли 1974), шикаст хӯрдани диктатураи фашистӣ дар Испания (1975) нишонаи сустии режими фашистӣ дар замони ҳозира мебошад. Ягонагии синфи коргар ва ҳамаи қуаваҳои демокра, тӣ шарти асосии муваффақият дар мубориза ба муқобили фашизм аст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …