Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАСЕҲУДДИНИ КУҲИСТОНӢ

ФАСЕҲУДДИНИ КУҲИСТОНӢ

ФАСЕҲУДДИНИ ҚУҲИСТОНӢ Муҳаммад ибни Абдулкарими Низомӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1530), риёзидон ва ҳайатшиноси тоҷик, шогирди Алоуддини Қушчӣ. Дар Ҳирот кор кардааст. Доир ба астрономия ва математика таълифоти зиёд дорад. «Мифтоҳи бист боб дар маърифати устурлоб» («Калиди дувоздаҳ боби маърифати устурлоб»), «Шарҳ-ул-мулаххас филҳайя», «Рисолат-улкура», «Рисола дар маърифати рубъ», «Матлаъ ул-анвор» аз қабили онҳост.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …