Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАСЕҲИИ ХОФӢ

ФАСЕҲИИ ХОФӢ

ФАСЕҲИИ ХОФӢ , Фасеҳ Аҳмад ибни Ҷалолуддин Муҳаммад ибни Яҳе (таваллуд 1375— соли вафот номаълум), шоир ва муаррихи форс- тоҷик.
Фасеҳии Xофӣ ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ шеър гуфтааст. Абёти парокандаи ӯ дар тазкираҳо ва дар асари таърихиаш «Муҷмали Фасеҳӣ» (таълифаш 1446/47) дарҷ гардидаанд.
«Муҷмали Фасеҳӣ» таърихномаест иборат аз муқаддима, ду мақола ва хотима. Дар муқаддима таърихи олам аз давраи хилқати Одам то замони Муҳаммад, инчунин таърихи чаҳор хонадони Эрони Қадим — Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён — Мулукуттавоиф, Сосониён баён шудааст. Дар мақолаи аввал аз валодати пайғамбар то ҳиҷрати ӯ ба Мадина сухан меравад. Мақолаи сонӣ муфассалтарин қисми китоб буда, вақоеи аз ибтидои санаи ҳиҷрӣ то 845 (мутобиқи 1441/42 мелодӣ) рӯйдодаро дар бар мегирад. Ин асар ба забони содда ва равон навишта шудааст

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …