Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАСЕҲА Ҷамилахонум

ФАСЕҲА Ҷамилахонум

ФАСЕҲА Ҷамилахонум, Ҷасмилаи Исфаҳонӣ, нисбаи Яздӣ ҳам доштааст (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоираи эронӣ (асри 16). Зодгоҳаш Язд. Дар айни камолот ба Исфаҳон омад. Сипас, ба Ҳиндустон сафар кард ва ба дарбори Ҷалолуддин Акбар роҳ ёфт. Дар анвои гуногуни шеър даст доштааст. Намунаҳои шеъраш тавассути тазкираҳо расидаанд. Ин рубоӣ аз ӯст:
Рӯзе, ки ба хони васл меҳмон гаштам,
Шарманда зи интизори ҳиҷрон гаштам.
3-он чашмаи ҳайвон, ки кашидам обе,
Аз зиндагии хеш пушаймон гаштам.
Адабиёт:

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …