Маълумоти охирин

«ФАРЁД»

«ФАРЁД»         яке аз сурудҳои маъмули классикии хоси «Мақомҳои Хоразм». Он дар мақомҳои «Рост» ва «Наво» мавҷуд буда, дар «Шашмақом» нест. Мақомҳои Хоразм дар асоси мақомҳои Бухоро «Шашмақом» тартиб ёфтаанд ва аз ҷиҳати сохту номгӯй ба онҳо наздикӣ доранд. Аз ин ру дар мақоми «Рост»— «Талқини Рост» ва дар мақоми «Наво» — «Насри Баёт»-ро «Фарёд» иваз кардааст. Сабаби чунхш ном гирифтани ин сурудҳо ҳазин ва баландовоз будан ва ба фарёду навҳа шабоҳат доштани онҳост.

И. Рахимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …