Маълумоти охирин

ФАРХАВ

ФАРХАВ, 1) пиростани ток, як навъ тадбири агротехикист, ки ҳар сол барои танзими сабзиш, инкишоф ва серҳосилии ток ба амал мебароранд. Фархав парвариши токро осон намуда, барои аз рӯшпоӣ ва гармӣ пурра истифода намудани он имкон медиҳад.

angur

Дар ноҳияҳое, ки токро хокпӯш мекунанд, онро тирамоҳ (моҳҳои сентябр— октябр) ва баҳор мебуранд. Бо мақсади тайёр кардани қаламча ва осон шудани токгӯронӣ онро одатан тирамоҳ мебуранд.

Токи сесола баъди фархав.

2) Решакан намудани алафҳои бегонаи кишт, кӯчатзори хоҷагии қишлоқ ва ниҳолзори буттаву дарахтони бешаро гӯянд (нигаред низ Хишова).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …