Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАРШӢ Ҳабибуллоҳи Самарқандӣ

ФАРШӢ Ҳабибуллоҳи Самарқандӣ

ФАРШӢ Ҳабибуллоҳи Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Шогирди тазкиранигор Мутрибии Самарқандӣ.

Аз ашъори Фаршӣ якчанд ғазал ва байтҳои пароканда тавассути тазкираҳо то замони мо расидаанд. Аз ду ғазалаш (дар тазкираи Мутрибӣ) бармеояд, ки ӯ шахси озодандеш, ринд будааст. Фаршӣ ҳунари тазҳиб (тиллокорӣ) ва тасвиру муҳр кандан ҳам доштааст. Абёти зер намунае аз шеъри Фаршӣ мебошад:

Боз туркат баҳраманро таъна дар дин мезанад,

Шеваи ноқуси шавқам дам зи таҳсин мезанад…

Ёд аз Хусрав макун, эй дил, ки Фарҳоди хаёл

Тешаи хоҳиш ба кӯҳи ишқи Ширин мезанад.

Чой ҷуз оташсарои ҳаҷр натвонад гирифт,

Гар самандар бо мизоҷам лофи оҳан мезанад.

Номзад бояд шавад бо бутпарастӣ шайхишаҳр,

Ҳамчу Фаршӣ даст агар дар домани дин мезанад.

У. Каримов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …