Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАРРУХИИ ЯЗДӢ Мирзомуҳаммад

ФАРРУХИИ ЯЗДӢ Мирзомуҳаммад

ФАРРУХИИ ЯЗДӢ Мирзомуҳаммад (1888, Язд—1939, Теҳрон), шоири эронӣ. Дар мактаби англисӣ мехонд. Соли 1904 барои ақидаҳои озодихоҳонааш аз ин мактаб ронда шуд. Шоир коргариро касб кард. Иштирокчии фаъоли инқилоби буржуазии демократии солҳои 1905—11 Эрон (Инқилбои Машрута) буд ва дар ашъораш ғояҳои озодию инқилобро тарғиб менамуд. Соли 1910 барои шеъри бар зидди ҳокими Язд гуфтааш ба зиндон гирифтор шуд. Дар зиндон бо амри ҳоким даҳони ӯро дӯхтанд. Фаррухии Яздӣ аз зиндон гурехта, ба Теҳрон омад ва муборизаро давом дод. Солҳои 1916—20 боз ба зиндон афтод. Вале ин таъқибот шоирро аз ақидааш гардонда натавонистанд. Фаррухии Яздӣ соли 1921 рӯзномаи «Тӯфон»-ро интишор дод, ки рӯҳияи зиддииртиҷоӣ ва зиддиимпериалистӣ дошт. Рӯзномаро борҳо ҳукумат баст, вале шоир онро бо номҳои «Ситораи Шарқ», «Қиём», «Пайкор» нашр мекард.
Муддате берун аз ватан зистааст. Пас аз бозгашт ба ҳабс гирифтанд ва ваҳшиёна куштанд. Дар эҷодиёти Фаррухии Яздӣ ғазал ва рубоӣ мавқеи асосӣ дорад. Қасида, мусаммат, қитъа низ сурудааст.
Фаррухии Яздӣ соли 1927 дар ҷашни 10-солагии Революсияи Октябр ба СССР омад ва дар васфи Револютсияи Октябр ва халқи советӣ ғазале навишт, ки аз меҳри бепоёни ӯ нисбат ба мамлакати мо шаҳодат медиҳад.
Осор: Дар талаби озодӣ, Душанбе, 1980.
Адабиёт: Наҷмонов Ф., Саҳифае аз зиндагии як адиби муборизи Эрон, «Мактаби Советӣ», 1979, № 9.
Ф. Наҷмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …